ПЕШГИРӢ АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО
16-уми ноябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ чорабинии тарбиявию сиёсӣ дар мавзуи «Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро тавассути фазои маҷозӣ» доир гардид.
Чорабиниро декани факултет Илҳом Неъматов ифтитоҳ намуда, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм ва таъсири манфии онҳо ба амнияти ҷомеа суханронӣ кард. Зимни баромад таъкид гардид, ки терроризм яке аз зуҳуроти хатарноки ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид ва амалҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёт ва саломатии инсонҳо, суботу амнияти ҷомеа таҳдид менамояд.
Ҳамзамон, мавсуф таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб намуда, таъкид кард, ки сатҳи пасти маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, бесаводӣ ва камсаводӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд ҷавононро ба чунин равияҳои хатарнок моил созанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон муҳим арзёбӣ гардид.
Сипас, омӯзгори кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт Неъматуллои Мирзошоҳ дар бораи сабабу омилҳои пайдоиш ва густариши ифротгароӣ андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар миёни омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ эҳсоси ноумедӣ, нобоварӣ ба оянда, мушкилоти иҷтимоӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ҷой доранд.
Дар идомаи чорабинӣ сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Исматулло Ҷӯмаев доир ба ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти онҳо суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз шиору даъватҳои бардурӯғ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кӯшиш мекунанд ҷавононро гумроҳ намуда, ба сафи худ ҷалб созанд.
Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии иттилоотии худро тақвият бахшида, ба ҳар гуна даъвату таблиғоти ифротӣ дар фазои маҷозӣ бовар накунанд. Ҳамчунин, зарурати ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои дахлдор, аҳли зиё ва ҷомеа дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб таъкид карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng