МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН «ТАБИАТШИНОСИ ҶАВОН»
19-уми ноябри соли равон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Табиатшиноси ҷавон» баргузор гардид.
Маҳфилро муаллими калони кафедраи табиатшиносӣ Рустам Яқубов роҳбарӣ намуда, иброз дошт, ки инсоният дар асри XXI ба марҳилаи сифатан нави рушди тамаддун ворид гардидааст, ки онро метавон асри дониш, технология ва тафаккури илмӣ номид. Дар чунин шароит нақши илм, бахусус фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, на танҳо ҳамчун соҳаи маърифат, балки ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодиёт, рушди технология ва таъмини амнияти миллӣ беш аз пеш меафзояд.
Маҳз бо дарки чунин зарурат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидааст. Ин иқдоми муҳим хусусияти стратегӣ дошта, ба таҳкими заминаҳои илмӣ ва таъмини ояндаи пешрафтаи миллат равона шудааст.
Сипас, раиси маҳфили «Табиатшиносони ҷавон» Алишер Раҳимӣ баромад намуда, таъкид кард, ки «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» на танҳо як барномаи таълимӣ, балки модели муҳими рушди миллӣ ба шумор рафта, дар доираи он илм ҳамчун сармояи асосии ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Барномаи мазкур ба се самти калидӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо, озмоишгоҳҳо ва технологияҳои муосир), омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташаккули фарҳанги илмӣ дар ҷомеа такя мекунад. Ин иқдом на танҳо барномаи давлатӣ, балки марҳилаи муҳимми гузариш ба ҷомеаи аз лиҳози илмӣ пешрафта мебошад.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни факултети молия ва қарз бо чор забон доир ба мавзуъҳои марбут ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010402Билол Гулаҳмадзода бо забони тоҷикӣ, Рухшона Саидова бо забони узбекӣ, Мадина Каримова бо забони русӣ ва Суруш Гулов бо забони англисӣ баромад карданд.
Дар фарҷоми маҳфил миёни маърузачиён ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта, атрофи аҳаммияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ва рушди тафаккури илмии ҷавонон мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng