БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУРАТОРОН
Бо ташаббуси садорати факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ 9-уми сентябри соли равон ҷиҳати татбиқи амалии талаботи Низомномаи шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, ҷаласаи кураторони факултет доир гардид.
Ҷаласаро декани факултет Ёрибек Тилабов ифтитоҳ намуда, оид ба нақши муҳимми кураторон дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ташаккули шахсияти донишҷӯён ибрози назар кард. Кураторон бояд бо донишҷӯён мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва таҳкими интизоми донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов зикр кард, ки дар баробари дастовардҳои мавҷуда дар самти корҳои тарбиявӣ, баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, ба кураторҳо тавсия дода шуд, ки баргузории соатҳои сиёсиву тарбиявиро мунтазам ба роҳ монда, аз вазъи таҳсил, рафтор ва иштироки донишҷӯён дар дарсҳо пайваста огоҳ бошанд.
Раиси шурои кураторон Мавҷуда Давлатова дар баромади худ ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, риояи талаботи сарулибоси донишҷӯён ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои касбии кураторон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои муҳими раванди таълиму тарбия, риояи интизоми донишҷӯён, самаранокии фаъолияти тарбиявии кураторон ва татбиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани фаъолияти кураторон, баланд бардоштани сифати корҳои таълимию тарбиявӣ ва таҳкими масъулияти шахсии донишҷӯён дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng