МАҚСАД БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ДОНИШҶӮЁН
Тибқи нақшаи пешакӣ тартибдодашудаи кафедраи фаъолияти бонкӣ, санаи 9 октябри соли равон зиёда аз 50 нафар донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-5.01.04.02 - кори бонкии факултети молия ва қарз таҳти роҳбарии сарпарасти гурӯҳ, ассистенти кафедра Сорбон Шарбатов бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихиву фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси миллӣ аз Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчам ва Боғи фарҳангу фароғати ба номи устод Рӯдакӣ боздид намуданд.
Донишҷӯён бо ёдгориҳои таърихӣ, осори нодири фарҳангӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон шинос шуда, оид ба таърихи пайдоиш, аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва нақши онҳо дар ҳифзу гиромидошти мероси миллӣ маълумоти муфассал гирифтанд. Таъкид гардид, ки чунин мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.
Тавре Сорбон Шарбатов иброз дошт, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng