ҶАЛАСАИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН
8 октябри соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги донишҷӯён, таҳкими интизому масъулиятшиносӣ, риояи қоидаҳои дохилии донишгоҳ ва хобгоҳ, тарғиби китобхонӣ, истифодаи самараноки вақти холӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва тақвияти ҳушёрию зиракӣ дар муқобили таҳдидҳои замони муосир дар хобгоҳи донишҷӯдухтарон ҷаласаи маърифатию тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, масъулини хобгоҳ ва донишҷӯдухтарони истиқоматкунанда иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими тарбиявӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ суҳбату андешаронӣ карданд.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Шаҳноза Ғафорова, мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарон Маҳбуба Ғафорова ва мутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Шамсия Пиракова иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои рӯзмарраи тарбиявӣ суханронӣ карданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки риояи тартиботу интизом, одоби муошират ва талаботи муқарраргардида аз шартҳои муҳими зиндагии солиму созанда дар хобгоҳ ба ҳисоб меравад. Донишҷӯдухтарон вазифадоранд, ки қоидаҳои дохилии донишгоҳ ва хобгоҳро риоя намуда, дар нигоҳ доштани муҳити орому осуда, таҳкими муносибатҳои неки байниҳамдигарӣ ва фароҳам овардани фазои солими маънавӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои фарҳанги либоспӯшӣ ва одоби муошират низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки намуди зоҳирӣ ва тарзи либоспӯшӣ аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги шахсият ба шумор рафта, донишҷӯдухтарон бояд ба тозагӣ, озодагӣ, мувофиқати либос ба муҳити таълимӣ ва риояи меъёрҳои фарҳангии донишгоҳ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng