Таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалия дарсҳои амалиро дар коргоҳу корхонаҳои гуногун баргузор намуда, донишҷӯёнро бо равандҳои воқеии истеҳсолӣ ва хусусиятҳои фаъолияти иқтисодии корхонаҳо аз наздик шинос менамоянд.

Бо ин мақсад, 8 октябри соли равон донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси молияи факултети молия ва қарзи ДДМИТ бо ташаббуси дотсенти кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ Назарамонова Давлатмо Мирзомудиновна ва дар ҳамкорӣ бо факултети молия ва қарз аз ҶДММ «Гулистони Душанбе» боздид намуданд. Ҳадафи асосии боздид таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён буд.

Зимни боздиди илмӣ-амалӣ донишҷӯён аз ҷараёни фаъолияти корхона шинос шуда, ҷанбаҳои амалии идоракунии лоиҳаҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла, онҳо бо тартиби банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ, ташкили марҳилаҳои иҷрои корҳо, тақсимоти захираҳо ва ҳамоҳангсозии равандҳои истеҳсолӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, донишҷӯён имкон пайдо намуданд, ки аҳаммияти муайян намудани мақсадҳои лоиҳа, истифодаи самараноки захираҳои молиявию моддӣ, риояи муҳлатҳои иҷро ва назорати натиҷаҳои фаъолиятро дар мисоли фаъолияти воқеии корхона дарк намоянд. Ин таҷриба барои таҳкими донишҳои назариявии онҳо аз фанни «Идоракунии лоиҳаҳо» ва ташаккули малакаҳои амалии банақшагирӣ, таҳлил ва қабули қарорҳои идоракунӣ мусоидат намуд.

Қобили зикр аст, ки чунин боздидҳо дар рушди малакаҳои таҳлилӣ, ташаккули тафаккури иқтисодӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинии касбӣ ва дарки амиқи равандҳои воқеии иқтисодӣ нақши муҳим доранд. Дар рафти мулоқот донишҷӯён бо мутахассисони корхона суҳбат намуда, ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд ва донишу таҷрибаи худро ғанӣ гардониданд.

Ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ заминаи мусоид фароҳам меорад. Чунин ташаббусҳо на танҳо ба баланд бардоштани сифати таълим, балки ба таҳкими робитаи илм, маориф ва истеҳсолот, инчунин омода намудани мутахассисони дорои малакаҳои зарурии касбӣ барои иқтисодиёти муосир мусоидат менамоянд.