Мувофиқи нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо усули “факултет ба факултет” 8-уми октябри соли равон дар толори таълимии донишгоҳ миёни донишҷӯдухтарони курсҳои аввали факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ соати тарбиявӣ доир гардид.

Нахуст, Маҳбуба Ғафорова, сармутахассиси кор бо занон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ дар бораи мақоми донишҷӯ дар донишгоҳ, зинаҳои таҳсилот, ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, нақши муҳимми онҳо дар пешбурди илм ва навовариҳои касбият, сабабҳои хориҷ шудан, риоя кардани интизоми дохилӣ ва пардохти маблағи таҳсил изҳори андеша намуд.

Баъдан, сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова ва эдвайзер оид ба тарбияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии факултет Соҳибназар Файзалиев дар мавзуъҳои “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, “Терроризм ва хатари он ба ҷомеа”, “Пешгирии омилҳои коррупсионӣ”, “Танзим - бақои зиндагӣ”, “Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ” андешаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд аз имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода намуда, барои донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ саҳми арзанда гузоранд.

Инчунин, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи тозагӣ ва тартиботи дохилӣ, китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангиву илмӣ аз масъалаҳои дигари дарси тарбивӣ ба ҳисоб мерафт.

Гуфта шуд, ки ҳар як зану духтари тоҷикро мебояд дар радифи шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон, масъулияти баланди шаҳвандиро эҳсос намуда, дар татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат нақши бориз гузорад.

Тағоймурод ЭШЗОДА