Дар асоси нақшаи кории раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 9 октябри соли равон бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва омор дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм - яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа» дарси сиёсиву тарбиявӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Ёрибек Тилабов дарсро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҳассос буда, фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин гурӯҳҳо кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳ ва камтаҷрибаро ба роҳи хатарноки ифротгароӣ ҷалб кунанд.

Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова дар баромади худ иброз дошт, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеа буда, ба сулҳу субот ва рушди устувори давлат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ӯ яке аз омилҳои муҳими ин мушкилотро дар бемасъулиятии баъзе волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ намуд.

Сипас, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳайитов зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир зуҳуроте мавҷуданд, ки ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд. Яке аз чунин амалҳои хатарнок терроризму экстремизм мебошад, ки боиси нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ гардида, муборизаи муштараки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд.

Дар фарҷоми дарси сиёсиву тарбиявӣ таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонону донишҷӯён, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дуруст, ҷалб карданашон ба корҳои созанда ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Танҳо ҷавонони босавод, соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди масъулият метавонанд дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузоранд ва ояндаи дурахшони онро таъмин намоянд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА