ВОХӮРӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявӣ ва садорати факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ гурӯҳи корӣ ба хобгоҳи №1-и донишгоҳ ташриф оварда, бо донишҷӯён вохӯрӣ намуданд.
Дар доираи вохӯрӣ дар китобхонаи хобгоҳ дарси тарбиявию сиёсӣ дар мавзуи «Сулҳу субот, амнияту оромӣ неъмати бебаҳост» доир гардид. Дарси мазкурро эдвайзер оид ба тарбияи факултет Азизулло Абдуғанизода баргузор намуд.
Азизулло Абдуғанизода таъкид кард, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии пешрафту тараққиёти ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, маҳз дар шароити сулҳу оромӣ имкониятҳои мусоид барои таҳсил, фаъолияти созанда ва рушди ҷомеа фароҳам мегарданд. Ҳамзамон, нақши сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини суботу оромӣ дар кишвар қайд гардид.
Дар охир бо донишҷӯён суҳбати озод ва саволу ҷавоб баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳоднамудаи онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng