НОМИ ИСТИҚЛОЛ РАМЗИ НАНГУ НОМУС АСТ!
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гиромидошти арзишҳои соҳибистиқлол, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлолият дар ташаккули илму адаби миллати тоҷик» доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм ва созандагӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи соҳибдавлатӣ, заминаи асосии эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифта, ин раванд дар арафаи ҷашнҳои миллӣ боз ҳам густариш меёбад. Биноҳои нави таълимӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дигар иншооти муҳим, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, аз ҷумлаи далелҳои равшани пешрафти кишвар арзёбӣ шуданд.
Имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мешиносанд ва ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намуда, ҳамчун намояндагони миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Меҳмони ҳамоиш Акбари Абдуллоҳ, шоир, ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз рӯзҳои душвору пуртазоди солҳои гузашта ёдовар шуда, истиқлолияту сулҳу суботи имрӯзаи кишварро неъмати бузурги миллӣ арзёбӣ намуд. Шоир бо ёдоварӣ аз рӯзгори нобасомон ва муқоисаи он бо зиндагии осоиштаи имрӯза таъкид кард, ки қадршиносии истиқлолият ва ҳифзи сулҳу ваҳдат вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Акбар Абдуллоҳ чанд шеъри ватандӯстона ва ошиқонаи худро қироат намуда, бо суханони пурмуҳтаво ба аҳли толор эҳсоси муҳаббат ба Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои миллиро талқин кард. Ба андешаи мавсуф, маърифату фарҳанг барои ҷомеа аҳамияти бузург дошта, тавассути китоб, адабиёт ва сухани созанда метавон сатҳи маърифати мардумро баланд бардошт.
Шоир изҳор дошт, ки хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва созандагӣ зиндагӣ доранд. Рушди матбуоти донишгоҳӣ ва фаъолияти сомонаи донишгоҳ низ аз таваҷҷуҳ ба фарҳанги иттилоотӣ ва муаррифии дастовардҳои муассисаи таълимӣ дарак медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш Сиёвуш Ҷунайдӣ, корманди Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хотироти хешро аз рӯзҳои гузашта ва мушкилоти зиндагӣ дар даврони нобасомонӣ баён намуда, аз тағйироти мусбати солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Шоир таъкид кард, ки ободии имрӯза, оромии ҷомеа ва имкониятҳои фароҳамомада барои зиндагиву фаъолияти озод натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Сиёвуш Ҷунайдӣ бо ёдоварӣ аз хотираҳои рӯзҳои пурмашаққати гузашта иброз дошт, ки қадри Ватан бештар барои онҳое маълум аст, ки дур аз сарзамини аҷдодӣ рӯзгор ба сар бурдаанд. Ҳар як дастоварди имрӯза бояд моро водор созад, ки ба қадри сулҳу истиқлолият, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ бирасем.
Дар бахши музокира ташаббускори чорабинӣ Мастура Бӯризода, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон истиқлолиятро яке аз арзишҳои муқаддас ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ номид. Истиқлолият ба миллати тоҷик имкон фароҳам овард, то бо такя ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ роҳи мустақили рушди давлатро интихоб намояд.
Ба қавли Мастура Бӯризода ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Хусусан, ҷавонон бояд бо дарки амиқи таърихи миллат, омӯзиши илму дониш ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми муносиб гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ Ҷумъа Махшул, шоир, устоди кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз баргузории чунин маҳфили илмӣ-адабӣ изҳори хушнудӣ кард. Устод нақши адабиётро дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки сухани шоир метавонад эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллиро дар қалби насли ҷавон бештар гардонад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ чанд нафар донишҷӯёни донишгоҳ бо қироати шеърҳои ватандӯстона ва васфи Ватан, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва сарзамини аҷдодӣ хотири ҳозиринро болида сохтанд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng