Рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари тарбиявию маърифатӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид.

Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, доктор PhD, дотсент Садриддин Шарипов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои марбут ба об эътироф гардидааст. Ҳадафи асосии ин даҳсола ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти норасоии об, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии самараноки захираҳои табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

Дар идомаи семинар, мудири шуъбаи захираҳои об ва кадастри Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ»-и назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибег Маҳмаюсуфзода бо маърузаи илмӣ дар мавзуи «Такмили идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Мавсуф як қатор масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, пеш аз ҳама, ба такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии идоракунии захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Номбурда нақши технологияҳои муосир ва мониторинги рақамиро дар рушди кадастри об ва дақиқ намудани ҳисобу китобҳои захираҳо таъкид карда, иброз дошт, ки истифодаи чунин воситаҳо барои идоракунии самараноки захираҳои об заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Ҳамзамон, дар маъруза мушкилоти глобалии вобаста ба об ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа баррасӣ гардида, аҳамияти стратегии ислоҳоти соҳаи об ва зарурати гузариш ба принсипҳои идоракунии ҳавзавӣ ҳамчун яке аз роҳҳои муосир ва устувори ҳалли масъала арзёбӣ гардид.

Дар қисмати музокира номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Зарина Давлатшоева баромад намуда, иброз дошт, ки масъалаи об бо амнияти озуқаворӣ ва энергетикии кишвар робитаи зич дорад. Донишҷӯён бояд аз сиёсати «дипломатияи об»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар сатҳи байналмилалӣ огоҳ бошанд, зеро ин самт яке аз меҳварҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад.

Семинар дар фазои озоди саволу ҷавоб ва мубоҳисаи илмӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён имкони баррасии амиқи масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва рушди устуворро пайдо намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА