ТАШРИФ БАҲРИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА
Рӯзи 5-уми майи соли равон як гурӯҳ намояндагони Коллеҷи Даэлими Ҷумҳурии Корея дар ҳайати Сунг Ки Хайб, профессор ва Парк Тай Бок, ёрдамчии директори коллеҷ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, имкониятҳои роҳандозии омӯзиши забони кореягӣ барои донишҷӯён, таъсиси курсҳо ва барномаҳои муштарак дар ин самт муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба рушди барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ, инчунин, сафарҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, тарафҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар такмили фаъолияти таълимӣ ва илмии Коллеҷи Даэлим ва ДДМИТ баён намуда, аз таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд дар оянда ибрози андеша намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng