Рӯзи 2-юми сентябри соли равон донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ бо сарпарасти гурӯҳ, ассистент Мирзоев Ҳокимҷон Ҳалимович дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ бо мақсади рушди зеҳнӣ, маънавӣ, ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ донишҷӯён аз толорҳои мухталифи намоишӣ дидан намуда, бо осору ашёи таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ, намунаҳои нодири фарҳангӣ ва марҳилаҳои муҳими рушди давлатдории тоҷикон аз наздик шинос шуданд. Роҳбаладони осорхона ба онҳо дар бораи таърихи давраҳои гуногуни инкишофи ҷомеа, фарҳанг, ҳунар ва тамаддуни халқи тоҷик маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Чунин тадбирҳо ҳамчун ҷузъи муҳими кори тарбиявӣ ба ташаккули ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд гардидани савияи маърифати таърихии ҷавонон мусоидат мекунанд.

Донишҷӯён аз ташкили чунин чорабинии маърифатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро барои рушди шахсӣ, афзуда шудани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва такмили малакаҳои касбии худ муфид арзёбӣ карданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия