ОМӮЗГОР - БУНЁДГУЗОРИ ҶОМЕАИ ДОНИШБУНЁД
Дар доираи тадбирҳои маърифатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва тарбиявӣ, инчунин бо мақсади баёни нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва ташаккули ҷомеаи донишбунёд дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Омӯзгор - бунёдгузори ҷомеаи донишбунёд» доир гардид.
Мизи мудавварро декани факултет София Темурбекова оғоз намуда, оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеаи муосир ва масъулияти аҳли маориф дар тарбияи насли соҳибмаърифат суханронӣ кард.
Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷалолиддин Мирзоев бошад, дар бораи нақши ҷавонон дар бунёди ҷомеаи донишбунёд андешаронӣ кард. Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида барои омӯзиш, такмили дониш ва малакаҳои касбӣ самаранок истифода намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои созанда фаъолона иштирок намоянд.
Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Наҷибулло Мирзоқурбонов иброз дошт, ки рушди устувори ҷомеа, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобаста мебошад. Омӯзгор ҳамчун шахси асосии низоми маориф дар ташаккули шахсияти комил ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир саҳми арзанда мегузорад.
Ҳамчунин, устоди донишгоҳ Бахтоваршои Асомуддин дар баромади худ масъалаи нақши дониш ва омӯзгорро дар пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир омӯзгор бояд ҳамқадами замон бошад.
Дар идомаи чорабинӣ Давлатбахт Фозилова оид ба мақоми омӯзгор дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон суханронӣ намуда, зикр кард, ки омӯзгори асил бо дониш, рафтори намунавӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати созанда метавонад дар ҳаёти шогирдон таъсири мусбат гузорад.
Баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу рушди зеҳнии донишҷӯён яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng