ДАР ДДМИТ МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДОИР ГАРДИД
Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ҷисмонӣ, тарғиби оммавии варзиш ва таҳкими саломатии донишҷӯён дар кишвар баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Ин иқдом, ки ба рушди фарҳанги варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон равона гардидааст, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ пайваста роҳандозӣ мегардад.
Дар доираи чунин ташаббус, санаи 3-юми октябри соли 2026 бо ташаббуси раёсати ташкилию тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва дар ҳамбастагӣ бо масъулини хобгоҳи донишгоҳ машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур субҳи барвақт дар саҳни донишгоҳ баргузор шуда, дар он зиёда аз 200 нафар донишҷӯ фаъолона иштирок намуданд.
Дар маҷмуъ, баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ ба таҳкими саломатии ҷавонон, баланд бардоштани неруи ҷисмонӣ ва рӯҳияи онҳо, инчунин рушди фарҳанги варзишӣ мусоидат намуда, барои тарбияи насли солим, фаъол ва масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng