Бо мақсади баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-25010800 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети ҳисобдорӣ ва омор аз Китобхонаи илмии донишгоҳ боздид намуданд.

Дар ин чорабинии маърифатӣ сарпарасти гурӯҳи академӣ, доктори фалсафа (PhD), муаллими калон Аҳлиддин Мирзозода донишҷӯёнро бо имконияту захираҳои китобхонаи илмии донишгоҳ шинос кард.

Зимни боздид вобаста ба мақоми забон ва аҳамияти китобхонӣ дар ҳаёти инсон ва ҷомеа суҳбати маърифатӣ баргузор гардид. Таъкид карда шуд, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат буда, тавассути он таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва донишҳои наслҳои гузашта ба наслҳои оянда интиқол дода мешаванд. Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти он вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат мебошад.

Дар фарҷом Мирзозода Аҳлиддин таъкид намуд, ки донишҷӯ бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш бошад ва китобро ҳамчун дӯсти доимӣ ва сарчашмаи маърифат пазируфта, барои такмили донишҳои касбӣ ва маънавии худ пайваста талош намояд.

Ин иқдом дар рӯҳияи баланди маърифатӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба китобхонӣ, арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои китобхонаи илмии донишгоҳ мусоидат намуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия