3 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаи тарбиявӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Меҳри устод ва шаҳди забон» баргузор гардид.

Нахуст, ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Тавре қайд гардид, эҳтиром ба омӯзгор ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ дар асл эҳтиром ба маърифат, фарҳанг, худшиносӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Ба андешаи номбурда, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз соҳаи маориф, илм ва тарбияи кадрҳои миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, дар ин давра, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи илмӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадбирҳои пайваста амалӣ шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ ректор ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки 5 октябр барои ҷомеаи кишвар рӯзе мебошад, ки шаҳрвандонро ба арзиши забони тоҷикӣ, таърихи миллат ва масъулият дар назди наслҳои оянда ҳидоят мекунад.

Бобоҷон Сатторзода нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими мақоми забони давлатӣ муҳим арзёбӣ карда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди забони тоҷикӣ заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин робита ректор ба зарурати дуруст истифода намудани истилоҳоти иқтисодию молиявӣ, таҳияи корҳои илмӣ бо забони равону меъёрӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сухан ва навишти донишҷӯён таъкид намуд.

Дар идомаи чорабинӣ сарходими илмии Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», профессори кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зикр кард, ки забони тоҷикӣ баъд аз эъломи Истиқлоли давлатӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеаро фаро гирифта, имрӯз ба яке аз воситаҳои муҳими муоширати сокинони кишвар табдил ёфтааст.

Гавҳар Шарофзода забонро яке аз унсурҳои асосии ваҳдати миллӣ ва сарвати бебаҳои фарҳангӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик маҳз тавассути забон ба наслҳои имрӯз расидааст. Забони тоҷикӣ дар ҳифзи хотираи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллат нақши муҳим дорад.

Дар идомаи суханронӣ ба нақши омӯзгор дар ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз дошт, ки омӯзгор дар ташаккули фарҳанги сухан, эҳтиром ба забони модарӣ ва баланд бардоштани маърифати забонии насли ҷавон нақши муҳим дорад.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат дар тақвияти суханрониҳои боло нақши омӯзгорро дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли оянда муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки омӯзгор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маърифати шаҳрвандӣ ва худшиносии миллии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

Ҳабибзода Зоҳир афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи дурусти забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ин масъулият бояд, пеш аз ҳама, дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ, коргоҳу ташкилотҳо ва дигар ниҳодҳои ҷомеа эҳсос карда шавад.

Мавсуф ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, гуфт, ки насли ҷавон дар баробари донишҳои муосир бояд дорои маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ бошад. Ба таъкиди ӯ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ҷамъиятӣ, китобхонӣ, омӯзиши илм ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар тарбияи насли оянда аҳамияти муҳим дорад.

Дар чорабинӣ иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд дар баробари омода намудани мутахассисони касбӣ, ҷавононеро тарбия намоянд, ки соҳиби ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанги баланди муошират, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошанд.

Дар маросими тантанавӣ як қатор устодону кормандони ДДМИТ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, барои фаъолияти пурсамар, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ташаббускорӣ, саҳми арзанда дар рушди фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияи донишҷӯён ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ бо Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дигар қадрдониҳо сарфароз гардиданд.

Барномаи фарҳангиро аҳли шуъбаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар бо суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва барномаҳои саҳнавӣ ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшиданд.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ