Дар доираи таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ, бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омор чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои муҳими миллӣ самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвар роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро интихоб намуд. Дар даврони истиқлол соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф ва илм, рушди назаррас ёфта, барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, такмили дониш ва азхуд намудани касбу ихтисосҳои муосир фароҳам оварда шудаанд.

Забон ҳамчун падидаи муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ воситаи асосии муошират, интиқоли дониш, таҷриба ва арзишҳои маънавии инсон ба шумор меравад. Забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муттаҳидии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Дар идомаи чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода суханронӣ намуда, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати ҷашнҳои фархунда табрик намуд. Ба андешаи баромадкунанда, маҳз тавассути фаъолияти содиқонаи омӯзгорон донишҷӯён донишҳои зарурӣ касб намуда, ҷаҳонбинӣ, малакаҳои иҷтимоӣ ва қобилияти мустақилона андешиданро инкишоф медиҳанд.

Дар шароити муосир масъулияти омӯзгор боз ҳам бештар гардидааст, зеро рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии васеъ ба манбаъҳои гуногуни иттилоот аз устодон талаб менамояд, ки дар раванди таълим аз усулҳои муосир ва самараноки омӯзиш истифода баранд.

Муовини декан оид ба тарбия Исматулло Ҷумъаев низ дар чорабинӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиро таъкид кард.

Қайд гардид, ки насли ҷавони Тоҷикистон дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши имкониятҳои таълимӣ ба камол мерасад.

Якчанд устодон ба муносибати ин ҷашнҳо қадрдонӣ шуда, заҳмати онҳо махсус қайд гардид. Чорабинии тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ низ идома ёфт. Дар ҷараёни он суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ватандӯстона пешкаши иштирокчиён гардиданд. Барномаи фарҳангӣ бо мазмуну муҳтавои худ фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва забони тоҷикӣ таҷассум мекард.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия