150 нафар донишҷӯи курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор бо ташаббуси эдвайзер оид ба корҳои тарбиявӣ Исматулло Ҷумаев аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Ҳадафи асосии боздид баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, шинос намудани донишҷӯён бо имконияту захираҳои Китобхонаи миллӣ ва ҷалби онҳо ба мутолиаи китобу адабиёти илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ буд.

Донишҷӯён бо таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти Китобхонаи миллӣ, толорҳои хониш, захираҳои китобӣ ва дигар имкониятҳои китобхона шинос гардиданд. Ҳамчунин, ба онҳо тарзи истифодаи китобхона, роҳҳои дарёфт ва интихоби адабиёти зарурӣ, инчунин, имкониятҳои истифода аз захираҳои иттилоотӣ шарҳ дода шуд.

Дар ҷараёни боздид таъкид гардид, ки китобу китобхонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи адабиёти илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани маърифати онҳо ба ҳисоб меравад.

Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ барои рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инчунин, ташаккули фарҳанги китобхонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Боздиди донишҷӯён аз Китобхонаи миллӣ ҳамчун як чорабинии судманди маърифатӣ ва фарҳангӣ барои дарёфти донишҳои нав, истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ ва рушди маънавии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА