Бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ санаи 28-уми сентябри соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Низомномаи Шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, бо иштироки кураторони факултет ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, декани факултет Фахриддин Убайдов, раиси Шурои кураторон Мавҷуда Давлатова, мудирони кафедраҳои марбут ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуданд.

Ҷаласаро декани факултет Фахриддин Убайдов оғоз намуда, таъкид кард, ки саҳми кураторон дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташаккули шахсияти донишҷӯён муҳим мебошад. Номбурда зикр намуд, ки кураторон бояд бо донишҷӯён мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва таҳкими интизоми донишҷӯён чораҳои зарурӣ андешанд.

Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, риояи талаботи сарулибоси донишҷӯён ва иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторон таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин ҷаласаҳо беҳтар намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти кураторон мебошад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳо дар самти корҳои тарбиявӣ баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, ба кураторҳо тавсия дода шуд, ки баргузории соатҳои сиёсиву тарбиявиро ба таври мунтазам ба роҳ монда, аз вазъи таҳсил, рафтору иштироки донишҷӯён, бахусус донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, мунтазам огоҳ бошанд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ба ду нафар устодони факултет, ки дар самти фаъолияти кураторӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ устодони факултет Фаридулло Убайдуллоев ва Темур Ҳасратзода баромад намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва ҷоннок намудани фаъолияти кураторон тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА