26-уми сентябри соли равон дар асоси нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия дар назди кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён Сунатулло Нуридинов доир ба аҳамияти мавзуи мавриди баррасӣ маълумоти мухтасар пешниҳод кард.

Сипас, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна Фарзод Нуров ва Суҳайлӣ Саидалӣ маърузаҳои худро дар мавзуи мазкур ироа намуданд.

Гуфта шуд, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити иқтисоди муосир давлатҳо бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти худ аз механизмҳои гуногуни дастгирии соҳибкорӣ истифода мебаранд. Яке аз чунин механизмҳо таъсис ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатпазир ба таъсис ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар рафти маҳфил донишҷӯён вобаста ба аҳамияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ андешаҳои худро баён намуда, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои фаъолияти соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА