Санаи 24 октябри соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-250108 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети ҳисобдорӣ ва омор, таҳти роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Садриддин Раҷабов боздиди таълимӣ-тарбиявӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Донишҷӯён аз толорҳои таърихӣ ва фарҳангии осорхона, аз ҷумла бахшҳои марбут ба тамаддуни қадимаи Саразм, ки таърихи беш аз 5500-сола дорад, давлати Сомониён, фарҳанги исломӣ ва таърихи пулу сиккаҳои қадима дидан намуданд. Экспонатҳои пешниҳодшуда ба донишҷӯён имконият фароҳам оварданд, ки бо марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои иқтисодии гузаштагони худ аз наздик шинос шаванд.

Дар маҷмӯъ, боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои донишҷӯён таҷрибаи омӯзанда ва хотирмон ба ҳисоб рафта, дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба таърихи пурғановати халқи тоҷик ва ташаккули сифатҳои муҳими касбӣ, аз ҷумла масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва софдилӣ, саҳми арзанда гузошт.

Баргузории чунин чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди масъулияти касбӣ аҳаммияти муҳим дорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия