СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Имрӯзҳо дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва эҷоди масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён соати тарбиявӣ дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм - вабои аср» баргузор гардид.
Дар ин чорабинии тарбиявӣ мутахассиси раёсати ташкиливу тарбиявӣ Исматулло Ҷумъаев, мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта Муродалӣ Ҳусейнов ва эдвайзер оид ба тарбия Фирдавси Абдуғаффор иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ хатарҳои терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷомеа ва давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва бегонапарастӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст маҳсуб меёбад.
Баромадкунандагон ба донишҷӯён оид ба риояи қонунгузории кишвар, эҳтироми арзишҳои миллӣ, истифодаи оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Таъкид гардид, ки насли ҷавон бояд шукронаи фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ карда, вақти қимати худро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар равона созад.
Дар анҷоми соати тарбиявӣ миёни устодон ва донишҷӯён суҳбати озод сурат гирифта, ба саволҳои фарогирони факултет посухҳои мушаххас дода шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng