ОСОРХОНА - ИНЪИКОСГАРИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ва 1-24010221 - танзими ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия» таҳти роҳбарии омӯзгорон Рашидова Ш. ва Носиров Ҳ. боздиди маърифатӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихию фарҳангии донишҷӯён, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мероси гаронбаҳои ниёгон мебошад.
Зимни боздид донишҷӯён аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дидан намуда, бо нақши таърихии ин шахсияти барҷаста дар ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон шинос шуданд. Қайд гардид, ки омӯзиши таърихи давлатдорӣ ва зиндагиномаи шахсиятҳои барҷастаи миллат дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аҳаммияти хос дорад.
Ҳамзамон, донишҷӯён аз толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ки дар тӯли қарнҳо ба шарофати талошу ҷонфидоиҳои ниёгон ҳифз ва ба наслҳои имрӯз мерос мондаанд, аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид таваҷҷуҳи донишҷӯён ба аксҳо ва ёдгориҳои дар толори калони осорхона ба намоиш гузошташуда, ки фаъолияти созанда ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, ҷалб гардид.
Ш. РАШИДОВА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng