ЧОРАБИНИИ СИЁСИВУ ҒОЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ бахшида ба 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву ғоявӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Нахуст, декани факултет Қаландар Сафарзода оид ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ташаккули низоми давлатдории президентӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди давлатдории тоҷикон ибрози назар кард.
Сипас, Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ иброз намуд, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи Президент ҳамчун санаи муҳими сиёсиву давлатӣ таҷлил мегардад.
Мавсуф нақши дипломатияи миллиро дар таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат қарорҳои муҳими Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллӣ ва таърихӣ дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон нақши муассир доранд. Ҳамзамон, масъалаҳои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ва тақвияти ташаббускории ҷавонон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Сайфулло Сафаров бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои ҳассоси таърихи навини кишвар ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти Тоҷикистон ишора намуда, онҳоро натиҷаи иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат арзёбӣ кард.
Дар идома Қодирзода Хуршед Қодир, профессори кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ оид ба сиёсати иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳилаҳои аввали давлатдории навин, ташаккули низоми молиявӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ маърузаи муфассал ироа намуд.
Зимни баромад мавсуф масъалаи ташаккул ва такмили қонунгузории андозро мавриди таҳлил қарор дода, бо муқоисаи се марҳилаи қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарият ва хусусиятҳои низоми андози миллиро шарҳ дод. Номбурда қайд кард, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат низоми мустақили андози миллӣ ташаккул ёфта, барои таъмини устувории молиявии давлат ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам оварда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён музокира сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ ва дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ ба як қатор устодони факултет барои саҳми арзанда дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ сипосномаҳо тақдим гардиданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng