ДАР ҶАРАЁНИ БОЗДИДИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОНИШҶӮЁН
Рӯзи 29-уми апрели соли равон донишҷӯёни курси 2-юми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо ташаббуси дотсенти кафедраи менеҷменти ДДМИТ Назарамонова Давлатмо Мирзомутдиновна ва дар ҳамкорӣ бо раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ бо мақсади таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён ба корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» сафарбар гардиданд.
Дар ҷараёни боздиди илмӣ-амалӣ донишҷӯён бо сохтори идоракунӣ, ташкили равандҳои истеҳсолӣ, низоми банақшагирӣ ва идоракунии захираҳо аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо имкон пайдо намуданд, ки татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ, аз ҷумла воситаҳои рақамигардонӣ ва унсурҳои зеҳни сунъиро дар фаъолияти истеҳсолӣ ва идоракунии корхона ба таври амалӣ мушоҳида намоянд.
Қобили зикр аст, ки чунин боздидҳо ба рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури интиқодӣ, густариши ҷаҳонбинии касбӣ ва дарки амиқи равандҳои воқеии иқтисодӣ мусоидат менамоянд. Донишҷӯён дар рафти мулоқот бо мутахассисони корхона ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифта, донишу таҷрибаи худро ғанӣ гардониданд.
Ин гуна ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши истеҳсолӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти махсус дошта, заминаи устувор барои татбиқи донишҳои назариявӣ дар амал фароҳам меорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng