Рӯзи 29-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия, факултети ҳисобдорӣ ва омор маҳфили илмии донишгоҳии “Дурахши илм” баргузор гардид, ин навбат ҷанбаҳои рафтори молиявӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба инсонро фаро гирифт.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки рафтори молиявӣ маҷмуи амалҳо, одатҳо ва қарорҳое мебошад, ки инсон ҳангоми истифодаи маблағ, пасандоз, хароҷот ва сармоягузорӣ анҷом медиҳад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба рафтори молиявии одамон табдил ёфтаанд.

Қутбиддин Муқимов зимни муаррифии баромадкунанда, илова намуд, ки Нилгуна Абдулҳакова донишҷӯи фаъолу ташаббускор буда, иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳамзамон, гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Нилгуна бо донишандӯзӣ, завқи баланди китобхонӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни ҳамсолони худ мавқеи шоистаро касб намудааст.

Ҳамин тавр, дар доираи маҳфили илмии «Дурахши илм» Нилгуна Абдулҳакова, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ бо маърузаи ҷолибу таҳлилӣ баромад намуда, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба рафтори молиявӣ ва ҳолати равонии инсонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни баромади худ мавсуф иброз намуд, ки имрӯзҳо аксари одамон гумон мекунанд, ки қарорҳои молиявии худро танҳо бо такя ба мантиқ ва ҳисобу китоб қабул менамоянд. Аммо таҳқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки эҳсосот, фишори иҷтимоӣ ва таъсири муҳити рақамӣ дар интихоби молиявии инсон нақши ҳалкунанда мебозанд. Баъзан душмани асосии сарвати инсон худи тафаккур ва эҳсосоти ӯ мегардад.

Таъкид гардид, ки бар хилофи назарияи иқтисодии классикӣ, ки инсонро комилан мантиқӣ мешуморад, рафтори молиявӣ собит месозад, ки аксари қарорҳои иқтисодӣ зери таъсири омилҳои равонӣ ва иҷтимоӣ гирифта мешаванд.

Нилгуна Абдулҳакова қайд намуд, ки эҳсосот, аз ҷумла тарс ва тамаъ аксар вақт қобилияти арзёбии воқеии хавф ва даромадро халалдор месозанд. Ҳамчунин, хатоҳо ё худ ғаразҳои маърифатӣ метавонанд инсонро ба қарорҳои нодуруст водор намоянд. Дар чунин ҳолат шахс ба ҷои таҳлили мустақил, бештар ба фикру рафтори дигарон пайравӣ мекунад.

Дар идома маърузакунанда зикр кард, ки одамон махсусан дар шароити номуайянӣ майл доранд аз паси аксар раванд. Дар соҳаи молия ин ҳолат ҳангоми харидани дороиҳои «машҳур» танҳо аз сабаби талаботи зиёди ҷомеа мушоҳида мешавад. Аммо баъди фурӯ нишастани ҳаяҷон, қисми зиёди сармоягузорон зарари молиявӣ диданд.

Маърузакунанда таъсири амиқи шабакаҳои иҷтимоиро ба худшиносӣ ва тарзи зиндагии инсон мавриди таҳлил қарор дод. Ба гуфтаи баромадкунанда, шабакаҳое чун Instagram ва дигар платформаҳои рақамӣ пайваста зиндагии “идеалӣ”-ро таблиғ менамоянд: саёҳатҳои гаронарзиш, мошинҳои қиматбаҳо, намуди зоҳирии комил ва зиндагии бе мушкил. Муқоисаи доимии ҳаёти воқеии худ бо чунин тасвирҳо метавонад боиси паст шудани худбаҳодиҳӣ ва афзоиши изтироб гардад.

Дар маъруза таъкид шуд, ки тибқи таҳқиқоти Донишгоҳи Йорк, истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтимоли пайдоиши изтироб ва депрессияро зиёд мекунад. Истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ду маротиба бештар ба мушкилоти равонӣ дучор мешаванд. Ҳамчунин, муайян шудааст, ки агар вақти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз се соат дар як рӯз бештар бошад, хатари депрессия ва нооромии равонӣ афзоиш меёбад.

Зикр гардид, ки яке аз омилҳои нигаронкунанда падидаи FOMO - тарси аз даст додани хабару рӯйдодҳо мебошад. Ин ҳолат одамонро водор месозад, ки пайваста шабакаҳои иҷтимоиро тафтиш намуда, худро дар ҳолати изтироб ва нороҳатии доимӣ қарор диҳанд. Ғайр аз ин, ҷараёни беисти хабарҳо, паёмҳо ва огоҳиҳо фаъолияти майнаро хаста намуда, ба сифати хоб ва оромии равонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи пуриқтидори иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд. Аммо истифодаи дурусту бошууронаи онҳо барои ҳифзи саломатии равонӣ ва суботи молиявӣ аҳаммияти калон дорад. Механизмҳои рафторие, ки платформаҳои рақамӣ истифода мебаранд, дар биология ва психологияи инсон реша дошта, метавонанд ба тарзи фикрронӣ, хароҷот ва интихоби молиявии ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонанд.

Дар охир иштирокчиёни маҳфил доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, зарурати баланд бардоштани саводи молиявӣ ва фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир арзёбӣ карданд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА