ДАР ДДМИТ ҲАФТАИ ИЛМ ОҒОЗ ЁФТ
13 апрели соли равон бахшида ба Ҳафтаи илм Конференсияи умумидонишгоҳии илмиву назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён дар доираи чорабиниҳои вобаста ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидани солҳои 2025-2030, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба кори худ ифтитоҳ бахшид.
Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДМИТ Муқимов Қутбиддин Мирзоҷонович иштирокдорон ва ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҳафтаи илми тоҷик як рукни муҳими ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад. Ҳадафи асосии баргузории ин тадбир тарғиб ва рушди илму техника, бедор намудани завқу шавқи ҷавонон ба илм, ошноӣ бо комёбиҳои олимони ватанию хориҷӣ ва рушди тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Ин ҳафта як муҳити хубу созгоре барои олимони варзида, муҳаққиқони ҷавон, равшанфикрону зиёиён, донишҷӯёну хонандагон мебошад, то тавонанд перомуни ҳаёти маънавии миллат, илми ватанӣ ва дастовардҳову пешрафтҳои он изҳори назар намоянд.
Муовини ректор, инчунин изҳор дошт, ки дар доираи “Ҳафтаи илм” конфронсҳо, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳои ихтироот, мулоқотҳои олимону муҳаққиқон бо ҷавонон ва дигар чорабиниҳои муҳими илмӣ баргузор мегарданд. Тавре Қутбиддин Муқимов афзуд, дар ҷаҳони муосир, ки асоси тараққиёту ободии ҳар миллат ба рушди илм пайванди ногусастанӣ дорад, баргузории “Ҳафтаи илми тоҷик” аҳаммияти стратегӣ дорад. Бе рушди илму технология ва неруи зеҳнӣ наметавон ба пешрафти воқеӣ ноил гашт. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба илм ва муҳаққиқон, хусусан ҷавонони соҳибистеъдод, бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату миллат қарор дошта бошад.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Мирсаидов Саидакмал Аброрович зимни сухани муқаддимавии худ иброз намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву маърифатпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи рушду пешрафти босуботи тамоми соҳаҳои кишварро фароҳам овардааст. Дар ин даврон дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маориф ҷойгоҳи хосса касб намуда, мавриди таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт барои солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ баҳри таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад ва татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ин раванд инкишоф ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ва санадҳои дахлдор қабулу амалӣ карда шаванд.
Дар зимн, Саидакмал Аброрович афзуд, ки таҷлили Рӯзи илми тоҷик ва ҳафтаи илм баёнгари он аст, ки фазои маърифативу маънавии кишвари мо ба падидаҳои муосири илмиву тадқиқотӣ рӯ оварда, устувор гардидани мавқеи илм дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа васеъ мушоҳида мешавад.
Зикр гардид, ки илми тоҷик дорои таърихи бостонӣ ва пурғановат аст. Аз Рӯдакӣ то Ибни Сино, аз Умари Хайём то Абурайҳони Берунӣ, аз Насриддини Тусӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ, аз Мирзо Улуғбек то Камолиддини Беҳзод, аз Садриддини Айнӣ то Бобоҷон Ғафуров ва даҳо ҳазор дигарҳо ҳамаи ин шахсиятҳо порчаи барҷастаи фарҳангу илми тоҷику форсанд. Ҳамасола дар давоми “Ҳафтаи илм” аз саҳми бузурги онҳо дар пешбурди тамаддуни ҷаҳонӣ ёдоварӣ карда мешавад. Ин ифтихори миллӣ на танҳо боиси эҳсоси умқи худшиносӣ, балки ангезаи ҷиддие барои насли нав ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни илм, аз технологияҳои муосир то тиб, аз кимиё то забоншиносӣ ва фалсафа дастовардҳои назаррас ба даст оварда истодаанд. Ин ҳама натиҷаи дастгирии пайвастаи давлат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илму маориф мебошад.
Ба итминони муовини аввали ректори ДДМИТ ин марҳила фурсати хубе баҳри табодули андешаву дастовардҳои илмии олимони кишвар маҳсуб меёбад, зеро дар ин давра, на танҳо силсилачорабиниҳои илмӣ доир мегарданд, балки як фазои мусоиде барои баёни назару дидгоҳҳои муассири илмӣ муаррифӣ шуда, мавриди баррасиҳо қарор мегиранд. Ин лаҳзаҳои муносибе барои олимони варзида, муҳаққиқони ҷавон, равшанфикрону зиёиён, донишҷӯёну магистрантон мебошад, то тавонанд оид ба ҳаёти маънавии миллат, илми тоҷик ва дастовардҳову пешрафтҳои он дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, андешаҳои илмии худро ба ҷомеа пешниҳод созанд.
Меҳмони ҳамоиш - сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъминзода Некрӯз Абдуманнон сараввал паёми шодбошии вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамроро ба муносибати ҳафтаи илм ба аҳли толор расонида, пасон перомуни афзоиши мақоми илм ва корҳои пажуҳишӣ суҳбат намуд. Тавре мавсуф афзуд, Ҳукумати мамлакат бо мақсади тарбияи наслҳои ояндасози мамлакат сармоягузорӣ ба соҳаи илму маорифро ҳамчун сармоягузории бевосита ба ояндаи миллат ва кафили рушди устувори давлат арзёбӣ намуда, Пешвои миллат низ дар Паёми худ таъкид доштанд, ки: «Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Ин нуктаи калидӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки маориф дар сиёсати давлатӣ на танҳо як соҳаи иҷтимоӣ, балки пояи асосии ташаккули захираи инсонӣ, рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз ҳамин фалсафаи давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандона аст, ки ҳамасола ба рӯзи илми тоҷик ва Ҳафтаи илм дар моҳи апрел таваҷҷуҳи хосса ва зарурӣ равона гардида, аҳли илму маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд. Далели равшани ин гуфтаҳо сол то сол афзудани ҳаҷми умумии хароҷот барои соҳаи маориф ва илм, инчунин, болоравии мукофотпулиҳо ба озмунҳои илмиву зеҳнӣ мебошад, ки ин нишондод аз афзалиятнок будани маориф дар сиёсати кишвар шаҳодат медиҳад.
Ин андешаи амиқ ва ҳидоятҳои ҳакимонаи Пешвои миллат бозгӯи он аст, ки сиёсати давлат дар соҳаи маориф бар пояи дурнамо, масъулияти таърихӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи давлату миллат бунёд ёфтааст. Зеро маҳз имрӯз гузоштани таҳкурсии мустаҳками илму маориф кафолати фардои ободу пешрафта, ҷомеаи мутамаддин ва давлати неруманди тоҷикон мебошад.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии донишгоҳ Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар мавзуи “Нақши андози иҷтимоӣ дар таъмини устувории низоми нафақа дар шароити иқтисоди рақамӣ” маъруза кард. Мавсуф дар баромади худ сари таҳаввулоти низоми нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои гуногуни ислоҳоти иҷтимоӣ тамаркуз намуда, онро ба ду марҳила ҷудо намуд. Ба андешаи номбурда, тартиби таъйини нафақа дар давраи Шуравӣ то соли 2014 бар пояи нишондиҳандаҳои маҳдуди собиқаи меҳнатӣ, аз ҷумла интихоби ихтиёрии се ё панҷ соли даромади баландтарини корманд асос ёфта буд. Ин усул ба хусусиятҳои иқтисодиёти мутамарказ мувофиқ буд. Бо мақсади мутобиқсозии низом ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ, аз соли 2014 сар карда марҳилаи нави ислоҳот оғоз гардид. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, принсипҳои низоми нафақа куллан тағйир ёфтанд. Акнун, андозаи нафақа на аз рӯи даромади чанд соли алоҳида, балки дар асоси маҷмуи андозҳои иҷтимоии пардохтшуда дар тӯли тамоми фаъолияти меҳнатии шахс муайян карда мешавад. Ин раванд, ки “нафақаи суғуртавӣ” номида мешавад, кафолати шаффофият ва алоқамандии бевоситаи саҳми ҳар як шаҳрванд бо ҳаҷми нафақаи ояндаи ӯ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ Раҳимзода Баҳодур Карим, ки маърузааш “Рушди сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ” унвон дошт, бештар дар мавриди дастовардҳои асосии даврони соҳибистиқлолӣ, самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ дар Паёмҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар тибқи низоми банақшагирии стратегӣ, марҳилаҳои барқарорсозӣ ва рушди иқтисодӣ, таҳкими муносибатҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, тадбирҳо доир ба мукаммалгардонии низоми миллии дастгирӣ ва рушди содирот бо овардани мисолҳои мушаххас таҳлили амиқу воқеӣ намуд.
Дар фароварди ҳамоиш устодону омӯзгорони донишгоҳ, профессорон Рустам Раҳматзода ва Ҳамидуллохон Фақеров, инчунин, сардори раёсати таълими ДДМИТ Шуҳрат Сулаймонзода ба музокира баромада, изҳор намуданд, ки ҳафтаи илми тоҷик на танҳо эътироф аз илм, балки ҷашни рӯшанфикрӣ, ҷашни неруи ақл ва эҷод аст. Истиқбол аз ин ҳафта гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дорои захираҳои бузурги зеҳнӣ мебошад ва дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта ва дорои афкори илмӣ устуворона қадам ниҳода истодааст. Маҳз баргузории ҳамин гуна чорабиниҳои илмӣ метавонанд ба баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа, баланд бардоштани эҳтиром ба шахсиятҳои илмӣ ва ташаккули насли нави муҳаққиқони ватандӯсту маърифатпарвар мусоидат намоянд.
Дар ин замина, ҳар як шахси ватандӯст, хусусан ҷавонон бояд ба омӯзиш ва кашфи олам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, то ояндаи Тоҷикистони азизамон бо нури илму маърифат боз ҳам дурахшон гардад.
Қобили тазаккур аст, ки конференсияҳои илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён дар доираи ҳафтаи илм дар ДДМИТ аз 13 то 18 апрел дар 28 кафедра доир шуда, корҳои илмию тадқиқотӣ дар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бешакк, чунин тадбирҳо барои тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng