(2025-2030)» конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён аз 13 то 18 апрели соли 2026 дар факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ идома дорад.

Рӯзи 13 апрел дар факултети молия ва қарз бо иштироки кафедраҳои тахассусии молия, фаъолияти бонкӣ, иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ бахши навбатии конференсия доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш, декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода ҳозиринро ба муносибати ҳафтаи илм табрик намуда, таъкид кард, ки он имсол ба ду санаи муҳими таърихӣ - 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҳафтаи илм рамзи арҷгузорӣ ба аҳли илму дониш буда, дар рушди тафаккури илмӣ ва саҳми олимон дар пешрафти кишвар нақши муҳим дорад.

Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият соҳаи илм дар кишвар рушд ёфта, ҷойгоҳи хоса касб намудааст. Таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва қадршиносии олимон барои ҷавонон манбаи илҳом ва ангезаи пешрафт мебошад.

Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст мақолаҳои илмии устодону муҳаққиқонро дар шакли маҷмуа нашр намуда, ба китобхонаи электронӣ ворид созад. Инчунин, муаллифони беҳтарин бо мукофотҳо қадрдонӣ гардида, пешниҳодҳои илмӣ барои татбиқ ба сохторҳои дахлдор ирсол карда мешаванд.

Дар идома маърузаи номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Аҳадов Исматилло Қаюмович дар мавзуи «Рақамикунонии иқтисодиёт ва зарурати он дар шароити муосир» шунида шуд.

Зимни баромад қайд гардид, ки солҳои охир дар рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Афзоиши дороиҳои бонкӣ, пасандозҳо, сармоя ва шумораи мизоҷон аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои муҳими рушд мебошанд. Ҳамзамон, такмили заминаи қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба шароити иқтисодии муосир низ ба рушди соҳа мусоидат намудааст.

Бо вуҷуди ин, зикр гардид, ки сатҳи қарздиҳӣ ва пасандозгузорӣ ҳанӯз барои таъмини рушди босуръати иқтисодиёт, бахусус саноатикунонӣ, кофӣ нест. Дар чунин шароит истифодаи васеи технологияҳои муосири молиявӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои электронӣ, аҳамияти бештар касб мекунад.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ метавонад хавфҳои молиявиро коҳиш дода, шаффофияти низоми бонкиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани пардохтҳо тавассути кортҳои бонкӣ, POS-терминалҳо ва QR-кодҳо ба баланд гардидани эътимоди мизоҷон ва ҷалби сармоя мусоидат мекунад.

Дар анҷом зикр гардид, ки истифодаи технологияҳои молиявии рақамӣ дар оянда боз ҳам густариш ёфта, бахусус бо рушди технологияҳои мобилӣ иртиботи зич хоҳад дошт.

Ҳамин тариқ, кори конференсия дар кафедраҳои тахассусии факултет идома дорад.

Н. ҶОБИРЗОДА