Дар идомаи кори конференсияи умумидонишгоҳӣ бахшҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор бо иштироки се кафедраи тахассусӣ - баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор, аудит ва ревизия баргузор гардид.

Зикр карда шуд, ки роҳбарии бахшҳоро мудирони кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобомуродов Б.Э., кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва оморро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Холов Р.Ш. ва кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣдотсент Баротов А.Х. ба уҳда доранд.

Декани факултет Ёрибек Тилабов аз саҳми олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар рушду ташаккули илми тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Қайд гардид, ки илми тоҷик дар самтҳои гуногун рушд намуда, саҳми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин раванд назаррас аст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ олимони тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода аз таҷлили бошукуҳи ҳафтаи илм ва баргузории чорабиниҳои гуногун дар ин замина ёдовар шуда, онро натиҷаи фазои сулҳу субот дар кишвар арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 16 декабри соли 2025 иқтибос оварда, таъкид кард, ки дастгирӣ ва рушди илму маориф ҳамеша самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад. Зикр гардид, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба илму маорифи пешрафта вобаста буда, таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳо ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки маблағгузории соҳаҳои илму маориф сол аз сол афзоиш ёфта, зиёда аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар идома маърузаи номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Носирзода Ҳусейни Саъдулло дар мавзуи «Аҳаммияти автоматизатсияи баҳисобгирии муҳосибӣ дар идоракунии молиявии корхонаҳо» шунида шуд.

Маърузачӣ зикр намуд, ки дар шароити иқтисодиёти рақамӣ ва ҷаҳонишавии равандҳо баланд бардоштани самаранокии идоракунии молиявӣ аҳаммияти калидӣ касб мекунад. Дар ин раванд, автоматизатсияи баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамчун воситаи муҳим баромад менамояд, зеро муҳосибӣ манбаи асосии иттилооти молиявӣ барои қабули қарорҳои идоракунӣ мебошад.

Тавре шарҳ дода шуд, ки механизми автоматизатсия аз ворид намудани маълумоти ибтидоӣ ба система, коркарди онҳо тавассути алгоритмҳои барномавӣ ва пешниҳоди натиҷаҳо дар шакли ҳисоботҳои молиявӣ ва таҳлилӣ иборат аст. Ин раванд суръат ва дақиқии корро баланд бардошта, эҳтимолияти хатоҳои инсониро коҳиш медиҳад.

Зикр гардид, ки рушди автоматизатсияи муҳосибӣ ба омилҳои дохилӣ ва беруна вобаста мебошад. Ба омилҳои дохилӣ сатҳи тахассуси кормандон, имкониятҳои молиявӣ, инфрасохтори техникӣ ва сиёсати идоракунӣ дохил мешаванд. Омилҳои беруна бошанд, рушди технологияҳои иттилоотӣ, сатҳи рақобат, талаботи қонунгузорӣ ва сиёсати давлатро дар бар мегиранд.

Дар анҷом таъкид гардид, ки кори конференсия дар бахшҳо то 18 апрел идома меёбад.

 

Н. ҶОБИРЗОДА