ИЛМИ МОРО ГАР АМАЛ БОШАД, БА ДУНЁ ХУШ БУВАД
Дар доираи ҳафтаи илм дар кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ, таҳти роҳбарии Ғиёсиддин Ғафуров чорабиниҳои илмӣ бо рӯҳияи навоварӣ ва идеяҳо оғоз гардид.
Тавре мудири кафедра иброз дошт, дар меҳвари баррасии чорабинӣ арзиши илму дониш ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа қарор дорад. Зикр гардид, ки илм, маърифат, фарҳанг ва хирад чароғи равшани зиндагии инсон буда, маҳз тавассути онҳо инсон метавонад мушкилоти гуногунро ҳал намуда, роҳи саодат ва пешрафтро барои худ боз намояд.
Дар идома аз суханони Пешвои миллат иқтибос оварда шуд, ки таъкид менамоянд: «Рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста мебошад».
Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода зимни баромад аз саҳми кафедра дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва устодон ёдовар гардид.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки то 18 апрел пешниҳоди маърузаҳо идома ёфта, беҳтарин корҳои илмӣ барои қадрдонӣ ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод мегарданд. Таҷлили ҳафтаи илм ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба олимону муҳаққиқон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор мавзуъҳои муҳими илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла, “Ташаккули назарияи танзими давлатӣ дар иқтисодиёт”, “Инкишофи назария ва методологияи ҳамгироии минтақавии иктисоди дар шароити ҷаҳонишавӣ”, “Таҳлили равандҳои таъсири мутақобилаи таваррум ва сатҳи бекорӣ”, “Нақш ва аҳамияти соҳибкории хурди миёна дар инкишофи иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир”, “Тиҷорати электронӣ: моҳият ва дурнамои рушд”, “Муҳити инноватсионӣ ҳамчун омили татбиқи сармоягузории лоиҳаҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди саноати хурокворӣ вобаста ба шароити табиӣ - иқтисодии минтақаҳои шимоли Тоҷикистон”, “Идоракунии молияи давлатӣ ва нақши он дар танзими иқтисодиёти миллӣ”, “Рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Н. ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng