Тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии донишгоҳ, рӯзи 14-уми апрел бахши кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ дар бинои таълимии №5, ҳуҷраи 206 доир гардид. Чорабинӣ дар асоси барномаи тасдиқгардида гузаронида шуда, дар он устодон, кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Конференсияро раиси бахш, дотсент Гулшан Наврӯзова ифтитоҳ бахшида, иштирокчиён ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Дар кори он намояндаи раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмамадова ва сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳаитов иштирок намуда, доир ба аҳамияти омӯзиши забони русӣ ибрози андеша карданд.

Зимни суханронӣ зикр гардид, ки забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф гардидааст. Ин нукта дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид мешавад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки омӯзиши забони русӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар ин замина, зарурати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои баландихтисос таъкид гардид.

Дар идомаи конференсия, дотсент Гулшан Наврӯзова дар мавзуи «Татбиқи истилоҳоти иқтисодӣ дар дарсҳо барои инкишофи нутқи донишҷӯён» маъруза намуд. Азхудкунии истилоҳоти касбӣ унсури асосии рушди нутқи касбӣ ва тафаккури таҳлилӣ ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки истилоҳоти иқтисодӣ маҷмуи мафҳумҳои дақиқ буда, раванду падидаҳои иқтисодиро инъикос менамоянд. Истифодаи мунтазами чунин истилоҳот дар раванди таълим боиси афзоиши луғати донишҷӯён, такмили дақиқии нутқ, рушди малакаҳои баҳсбарангезӣ ва ташаккули услуби муоширати касбӣ мегардад. Ҳамзамон, он ба ташаккули тафаккури таҳлилӣ мусоидат намуда, донишҷӯёнро ба таҳлили равандҳои иқтисодӣ ва қабули қарорҳои асоснок водор месозад.

Дар идома, муаллими калони кафедраи забони русӣ Шарофат Қайсова дар мавзуи «Омӯзиши истилоҳоти касбии баҳисобдорӣ дар дарсҳои забони русӣ» баромад намуд. Номбурда таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ забони русӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати касбӣ аҳамияти бештар пайдо намуда, барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, бахусус муҳосибон азхудкунии истилоҳоти махсус зарурӣ мебошад.

Омӯзиши истилоҳоти баҳисобдорӣ на танҳо ба ғанӣ гардидани захираи луғавии донишҷӯён мусоидат мекунад, балки сатҳи салоҳияти касбии онҳоро низ баланд мебардорад. Донишҷӯён тавассути аз худ намудани чунин истилоҳот метавонанд матнҳои махсусро беҳтар дарк намуда, дар муҳокимаҳои касбӣ фаъолона иштирок намоянд ва малакаҳои таҳлилии худро такмил диҳанд.

Ҳамчунин, дар маъруза усулҳои муосири таълим, аз ҷумла кор бо матнҳои касбӣ, машқҳои тарҷума, усулҳои интерактивӣ ва бозиҳо ҳамчун роҳҳои самараноки омӯзиши истилоҳот арзёбӣ гардиданд. Зикр шуд, ки истифодаи технологияҳои муосир метавонад раванди омӯзишро боз ҳам муассир гардонад.

Дар фарҷоми конференсия дигар иштирокчиён низ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, андешаҳои худро доир ба масъалаҳои мубрами омӯзиши забон ва рушди нутқи касбӣ баён карданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия