ЛОИҲАИ “TAJ SWEETS”: АЗ ҒОЯ ТО ТИҶОРАТИ МУВАФФАҚ
Дар доираи баргузории ҳафтаи илми тоҷик дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои илмию амалӣ доир гардида истодаанд, ки ҳадафи онҳо рушди тафаккури инноватсионӣ, дастгирии олимону ҷавонони соҳибистеъдод ва тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот мебошад. Яке аз чунин чорабиниҳои муҳим Шурои илмӣ-инноватсионӣ зери унвони маҳфили “Навоварон” мебошад, ки рӯзи 14 апрели соли равон доир гардида, дар он донишҷӯён лоиҳаи ҷолиби тиҷоратӣ ва ихтироъкоронаи худро бо роҳбарии омӯзгори кафедраи менеҷмент, дотсент Давлатмо Назарамонова муаррифӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода таъсиси Шӯрои рушди илм ва инноватсияи донишҷӯёнро яке аз ташаббусҳои муҳими роҳбарияти донишгоҳ арзёбӣ намуда, афзуд, ки ин иқдом дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” амалӣ гардида, ба рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва тақвияти иқтидори зеҳнии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Дар маҷмуъ, баргузории чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ ба рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон, ташаккули тафаккури соҳибкорӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова баромад карда, иброз намуд, ки ҳар як фикре, ки дар зеҳни инсон шакл мегирад, метавонад дар сурати пайгирӣ ва заҳмати пайваста ба амал табдил ёбад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо тавонанд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ояндаи худро бунёд намоянд.
- Ҷавонони имрӯз метавонанд ҳатто аз ташкили истеҳсоли маҳсулоти сода, ба мисли шириниҳо фаъолияти соҳибкориро оғоз намуда, ба даромади устувор ноил гарданд. Ин раванд на танҳо ба беҳтар гардидани вазъи молиявии онҳо мусоидат мекунад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинии иқтисодӣ ва масъулияти иҷтимоии онҳо низ нақши муҳим мебозад, - илова намуд Ш. Ғафорова.
Дар идома, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова аз дастовардҳои донишҷӯён ёдовар шуда, аз ҷумла қайд кард, ки яке аз онҳо Самир Аламов мебошад, ки миёни 23 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷойи чорумро ишғол намуда, барои иштирок дар чорабинии байналмилалӣ дар шаҳри Сочӣ роҳхат гирифтааст. Лоиҳаи “Taj Sweets” бошад, намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна як ғоя метавонад бо заҳмат ва талош ба як тиҷорати воқеӣ табдил ёбад.
Қисмати ҷолибтарини маҳфил муаррифии лоиҳаи тиҷоратии “Taj Sweets” аз ҷониби донишҷӯ Самир Аламов буд. Ӯ зимни баромади худ қайд намуд, ки идеяи лоиҳа аз саволи одӣ оғоз ёфтааст: “Чаро чунин маҳсулот дар Тоҷикистон вуҷуд надорад?”
Ба гуфтаи Самир Аламов, ин лоиҳа танҳо як истеҳсоли шириниҳо нест, балки як низоми мукаммали тиҷоратӣ мебошад, ки аз бренди муосир, фурӯши онлайн, бастабандии ҷолиб ва стратегияи рушди марҳилавӣ иборат аст.
Ӯ аз суханони соҳибкор, ихтироъкор ва тарроҳи саноатии амрикоӣ Стив Ҷобс, ки ҳамчун пешравони давраи технологияи иттилоотӣ эътироф шудааст, иқтибос оварда, таъкид намуд: “Ғоя гаронтарин мол дар ҷаҳон аст”, ки ин андеша ҷаҳонбинии ӯро комилан тағйир додааст. Самир зикр кард, ки ҳанӯз дар синни 16-солагӣ кӯшиши татбиқи чунин идеяро дошт, аммо бинобар набудани таҷриба ва дониш муваффақ нашуд. Бо вуҷуди ин, ӯ аз пайгирии орзуи худ даст накашида, имрӯз бинобар сабаби таҳсил дар ДДМИТ тавонистааст лоиҳаи аввалини воқеии худро пешниҳод намояд.
Лоиҳаи “Taj Sweets” истеҳсоли шириниҳои табииро бо истифода аз мева ва маҳсулоти маҳаллӣ дар назар дорад. Маҳсулот бо бастабандии замонавӣ ва сифати баланд пешниҳод гардида, ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ мебошад.
- Муваффақияти лоиҳа натиҷаи кори дастҷамъона мебошад. Дар гурӯҳ ҳар як аъзо вазифаи мушаххас дорад, аз таҳияи маҳсулот то маркетинг ва таҳияи нақшаи молиявӣ. Маҳз ҳамкории дастҷамъона ва дастгирии устодон, аз ҷумла Д. Назарамонова дар пешрафти лоиҳа нақши муҳим бозидааст, мегӯяд С. Аламов.
Дар рафти маҳфил коршинос-ҳуқуқшиноси ҶСК “Гулистони Душанбе” Дилбар Кучакова ба лоиҳаи пешниҳодшуда баҳои баланд дода, зарурати дастгирии чунин ташаббусҳоро аз ҷониби сохторҳои дахлдор таъкид намуд.
Ҳамчунин, устодон Давлатмо Назарамонова, Саидниссо Қосимова, Илҳом Неъматов, Азизулло Исматуллозода, Исматулло Ҷумъаев ва Ҳусейн Носирзода андешаҳои ба донишҷӯён барои такмили лоиҳаҳо тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng