АЗ ИЛМ МУРОД ҶУЗ АМАЛ НЕСТ
Дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ дар бахшҳои факултети иқтисод ва идоракунии давлатии донишгоҳ устодону донишҷӯёни фаъоли кафедраҳои андозбандӣ ва суғурта, иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, инчунин идораи давлатӣ ва маҳаллӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва густариши фаъолияти соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илмию таълимии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, саҳми устодону донишҷӯёнро дар пешбурди корҳои илмӣ баланд мебошад.
Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтидори зеҳнии кишвар тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Дар ин замина, нақши донишгоҳҳо ҳамчун маркази ташаккули дониш ва навоварӣ ниҳоят муҳим аст.
Дар идома, намояндагони кафедраҳои зикршуда бо маърузаҳои илмӣ паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла такмили низоми андозбандӣ, рушди суғурта, идоракунии самараноки корхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва маҳаллиро таҳлил намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, рақамикунонии иқтисод ва рушди соҳибкории инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, пешниҳодҳои судманд ироа гардида, роҳҳои татбиқи амалии онҳо баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён аҳамияти чунин конференсияҳоро дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва таҳкими робитаи илм бо амалия муҳим арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити мусоид изҳори сипос карданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng