Рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ, дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои мубрами ҷомеа, бахусус хатари гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳадафи асосии дарси кушод бошад, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Нахуст, декани факултет София Темурбекова қайд намуд, ки имрӯз ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва зиракии сиёсӣ фаъолият намуда, ба ҳар гуна андешаҳои ифротӣ муқовимат нишон диҳанд. Номбурда нақши муассисаҳои таҳсилоти олиро дар тарбияи насли солимфикр ва ватандӯст хеле муҳим донист.

Сипас, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Наҷибуллои Сайвалӣ паҳлуҳои ҳуқуқии масъала, аз ҷумла ҷавобгарӣ барои ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористиро шарҳ дода, донишҷӯёнро ба риояи қонунгузории кишвар ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Умар Воҳидов дар идома оид ба таъсири манфии экстремизм ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа андешаҳои худро иброз дошта, таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани саводи рақамӣ метавонад яке аз роҳҳои муҳими пешгирии гаравиши ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо гардад.

Ҳамчунин, сармутахассиси раёсати раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ Мавҷуда Давлатова ба масъалаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки муҳити солими таълимӣ ва ҳамкории зичи устодону донишҷӯён метавонад заминаи боэътимод барои пешгирии зуҳуроти номатлуб гардад.

Дар ҷараёни дарси кушод мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия