ДДМИТ СОҲИБИ МАҶАЛЛАИ НАВ ШУД
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо, масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз аҳамияти асосиро соҳиб гардидааст. Аз ин рӯ, мавҷудияти як заминаи илмии махсус дар ин самт метавонад саҳми назаррас дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар гузорад.
Бо назардошти ин омил, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти рушди илм ва таҳқиқоти муосир боз як қадами муҳим гузошт. Донишгоҳ соҳиби маҷаллаи нави илмӣ бо номи «Иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз» гардид, ки ин иқдом ба густариши фазои илмӣ ва таҳкими таҳқиқоти соҳавӣ мусоидат менамояд. Санаи 4 апрели соли 2026 маҷаллаи мазкур таҳти №481/МҶ-97 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардид. Муҳлати эътибори шаҳодатнома бошад, то 4 апрели соли 2029 муқаррар шудааст, ки ин ба фаъолияти устувор ва банақшагирифтаи маҷалла дар солҳои наздик замина мегузорад.
Маҷаллаи илмии «Иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз» минбари муҳими илмӣ барои нашри мақолаҳои илмӣ-назариявии муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар он масъалаҳои мубрами соҳаи иқтисод, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, иқтисоди сабз, истифодаи самараноки захираҳо ва роҳҳои расидан ба рушди устувор мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамзамон, маҷалла имкон фароҳам меорад, ки натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону олимони ДДМИТ, дигар муассисаҳои илмӣ-таълимии кишвар ва хориҷ инъикос ёбанд. Ин омил ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба ва ворид гардидани дастовардҳои миллӣ ба фазои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Тибқи нақша, маҷалла дар як сол 4 шумора ба нашр мерасад, ки ин ба муҳаққиқон имкони мунтазам пешниҳод намудани натиҷаҳои корҳои илмии худро фароҳам месозад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng