Рӯзи 16-уми марти соли равон тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бахшида ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи менеҷмент таҳти унвони «ТОП-менеҷер» дар мавзуи «Корхона дар низоми идоракунӣ» доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Наврӯз Умарзода чунин маҳфилҳоро барои рушди тафаккури илмӣ, парвариши қобилияти таҳлил ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон муҳим номид. Маҳфили илмӣ на танҳо фазои мубодилаи дониш, балки минбари ташаккули идеяҳои нав, эҷодиёт ва таҳқиқоти ҷиддӣ мебошад.

Зикр гардид, ки донишгоҳ ба ҷавонони боистеъдод такя намуда, онҳоро ҳамчун неруи пешбарандаи илм ва ҷомеа мешиносад. Ҳар як таҳқиқот ва мақолаи илмии донишҷӯён қадаме дар роҳи рушди илм ва пешрафти кишвар арзёбӣ гардида, донишҷӯён ба фаъолият ва ҷустуҷӯи доимӣ дар самти илм ҳидоят карда шуданд.

Сипас, мудири кафедраи менеҷмент Илҳом Неъматов доир ба мавқеи корхона дар низоми идоракунӣ андешаронӣ карда, афзуд, ки  корхона на танҳо як субъекти истеҳсолӣ, балки як системаи мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Он ҳамчун воҳиди асосии иқтисод, ҳамзамон истеҳсолкунанда, хизматрасон ва як низоми муташаккили идоракунӣ ба шумор меравад, ки дар он унсурҳои муҳиме чун стратегия, сохтор ва захираҳо бо ҳам алоқаманданд.

Қайд гардид, ки менеҷмент дар корхона нақши асосӣ дошта, вазифаи он ташкили самараноки равандҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошад. Ин равандҳо марҳилаҳои банақшагирӣ, ташкил, роҳбарӣ ва назоратро дар бар мегиранд. Таъкид шуд, ки ҳар як корхона, новобаста ба ҳаҷм ва самти фаъолият бояд дорои низоми мукаммали идоракунӣ бошад, то дар шароити рақобати бозорӣ фаъолияти устуворро таъмин намояд.

Дар идома зикр гардид, ки дар шароити муосир менеҷмент на танҳо ба самаранокии иқтисодӣ, балки ба масъулияти иҷтимоӣ ва рушди устувор низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ин маънои онро дорад, ки корхонаҳо бояд на танҳо ба бозор, балки ба ҷомеа низ хизмат расонанд.

Дар қисмати асосии маҳфил донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1260102 факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, М. Ҳаймахмадов дар мавзуи «Корхона дар низоми идоракунӣ», А. Раҳимзода дар мавзуи «Идоракунии инноватсионӣ ва рушди корхона» ва Ф. Тошева дар мавзуи «Сохтори ташкилии идоракунӣ» бо истифода аз рӯнамо (слайдҳо) пешниҳодҳои ҷолиб ва таҳлилҳои муфассал ироа карданд.

Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки корхона дар низоми идоракунӣ ҳамчун як системаи динамикӣ ва бисёрсатҳа баромад мекунад. Самаранокии фаъолияти он аз сатҳи идоракунӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ба муҳити беруна ва истифодаи усулҳои муосири таҳлилӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина, таҳкими идоракунии илмӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таъмини рушди устувори корхона аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Дар анҷоми чорабинӣ бахши пурсишу посух баргузор гардида, донишҷӯён ва устодон бо саволу пешниҳодҳои худ иштироки фаъолона нишон доданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия