СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ»
Санаи 14-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо ҷалби мутахассисон аз ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Саводнокии молиявӣ» доир гардид. Чорабинӣ ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Бонки байналмилалии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он муовини декан оид ба илм Г. Шарифзода, эдвайзер оид ба таълим Ҳ. Носиров ва ҳайати устодони кафедра иштирок намуданд.
Семинар барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-25010407 - молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна (гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ) баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Дар оғози чорабинӣ мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Фаридулло Убайдуллоев таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аҳамияти муҳим дорад. Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявию қарзӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, аз ҷумла семинарҳо, тренингҳо ва вохӯриҳо мунтазам доир мегарданд.
Сипас, намояндаи ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», бонкдори хурди дараҷаи чор Илҳомзода Ҳусейнҷон Илҳом сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамзамон, ӯ ба донишҷӯён усулҳои дурусти идоракунии буҷети оилавӣ, банақшагирии молиявӣ ва муайян намудани ҳадафҳои молиявиро ба таври муфассал шарҳ дод.
Дар идомаи семинар бонкдори дигар Нурамон Давруков оид ба намудҳои асосии хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла қарзҳо, кортҳои бонкӣ, депозитҳо ва тарзи истифодабарии ҳамёни мобилии «IBT 24» маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қисмати амалии чорабинӣ бо баргузории викторина идома ёфта, донишҷӯён ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб дода, донишу малакаҳои худро санҷиданд ва ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҷамъбасти семинар муовини декан оид ба илм Г. Шарифзода ва ассистенти кафедра Т. Аъзамова баромад намуда, паҳлуҳои муҳими мавзуъро боз ҳам равшан шарҳ доданд ва аҳамияти саводнокии молиявиро дар шароити иқтисоди муосир таъкид карданд.
Дар фарҷом мудири кафедра ба меҳмонон барои ҳамкории судманд ва саҳмгузорӣ дар баргузории семинар изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳо бо ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» минбаъд низ густариш ёфта, баргузории мастер-классҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ идома дода мешавад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng