ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» доир гардид. Чорабинии мазкур дар доираи амалисозии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» роҳандозӣ шуда, ба рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав равона гардидааст.
Бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 10 феврали соли 2026 барои баргузор намудани даври дохилидонишгоҳӣ комиссияи махсус таъсис дода шуда, санаи 15 апрели соли 2026 озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия доир гардид. Дар он беҳтарин донишҷӯёне, ки дар даври факултетӣ миёни зиёда аз 100 иштирокчӣ ғолиб дониста шуданд, ширкат варзиданд.
Маросими ифтитоҳи озмунро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Қутбиддин Муқимов оғоз намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Озмун имкон медиҳад, ки сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавон афзоиш ёбад.
Дар ҷараёни озмун дар синфхонаҳои махсус иштирокчиён лоиҳаҳо ва ихтирооти худро дар назди ҳайати ҳакамон муаррифӣ намуда, донишу маҳорати худро нишон доданд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба эҳёи анъанаҳои илмию маърифатии миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи донишандӯзӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова иброз дошт, ки факултет дар самти омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди фаъолияти илмӣ нақши муҳим дошта, донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни мазкур натиҷаҳои хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Дар фарҷом, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳамаи иштирокчиён барору муваффақият орзу намуда, изҳори боварӣ карданд, ки онҳо дар даврҳои минбаъдаи озмун низ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng