КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДАР БАХШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ
Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён баргузор гардид. Конференсия ба татбиқи ҳадафҳои “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ бахшида шуда, дар бахши забони тоҷикӣ низ он бо иштироки устодону муҳаққиқон дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар рафти конференсия мудири кафедраи забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филология Манзура Ҳасанова дар мавзуи «Хусусиятҳои таърихии воҳидҳои андозагирӣ» маъруза намуда, аҳамияти илмӣ ва фарҳангии воҳидҳои андозагириро шарҳ дод.
Қайд гардид, ки воҳидҳои андозагирӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими тамаддуни башарӣ на танҳо воситаи ченкунии масофа, вазн, ҳаҷм ва вақт мебошанд, балки нишондиҳандаи сатҳи рушди иқтисодӣ, тиҷорат, илм ва идоракунии давлат дар давраҳои гуногуни таърихӣ низ маҳсуб меёбанд.
Таъкид шуд, ки омӯзиши хусусиятҳои таърихии воҳидҳои андозагирӣ ба дарки равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, бисёре аз воҳидҳои қадимӣ хусусияти фарҳангӣ дошта, дар заминаи муносибатҳои заминдорӣ, андозбандӣ ва тиҷорат ташаккул ёфтаанд. Бо пешрафти илму техника қисми зиёди онҳо аз истифода баромада, имрӯз бештар дар матнҳои таърихӣ, фолклор ва адабиёти классикӣ вомехӯранд.
Дар идомаи конференсия, доктори илмҳои филология, профессор Наргис Аслонова дар мавзуи «Портрети устод Айнӣ» маъруза намуд. Зикр гардид, ки портрети Садриддин Айнӣ дар осори хотиротӣ, ёддоштҳо ва навиштаҳои шогирдонаш бо тамоми ҷузъиёти зоҳириву ботинӣ таҷассум ёфтааст.
Маърузачӣ таъкид намуд, ки мафҳуми “портрет” (аз калимаи фаронсавӣ) ифодаи чеҳра, қиёфа ва хусусиятҳои зоҳириву рӯҳии шахсро дар бар мегирад. Дар адабиёти асри ХХ тоҷик, махсусан дар осори устод Айнӣ, санъати офариниши портрет ба дараҷаи баланди ҳунарӣ расида, қаҳрамонон бо тамоми аломату нишонаҳои зоҳирӣ ва ҳолати равонӣ тасвир шудаанд.
Ҳамчунин, дар асоси маводи хотиротиву ёддоштии шогирдони устод, зикр гардид, ки симои зоҳирии Садриддин Айнӣ борҳо тасвир ёфта, ӯ ҳамчун шахси миёнақад, тануманд, дорои пешонии васеъ ва чеҳраи ҷиддӣ ба қалам дода шудааст.
Дар маҷмуъ, кори конференсия бо баромадҳои дигари устодони кафедра идома ёфта, мубодилаи афкор ва баррасии мавзуъҳои муҳимми илмӣ дар фазои созанда сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng