ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ДДМИТ БАХШИДА БА ОМОДАГӢ БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 январи соли 2022, таҳти №311 ҷаласаи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид. Дар он муовинони ректор, ҳайати профессорон, деканони факултетҳо, сардорони раёсату мудирони кафедраҳо, роҳбарони шуъбаю бахшҳои донишгоҳ ва дигар сохторҳо иштирок намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои ҷашниро мавриди муҳокима қарор доданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор аз аҳамияти таърихию сиёсӣ ва арзиши бузурги Истиқлоли давлатӣ сухан ронда, афзуд, ки Истиқлолият дастоварди муқаддас ва натиҷаи талошу ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат буда, он заминаи устувори рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намудааст. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ташаббускори иқдомҳои муҳимми байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ин санаи таърихӣ дар ДДМИТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳамаи сохторҳои таълимии донишгоҳ баргузории як қатор чорабиниҳои илмию амалӣ, конференсияҳо, семинарҳо ва маҳфилҳои тарбиявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, роҳбарияти донишгоҳ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди технологияҳои муосир ва пайваста мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ҳудуди донишгоҳ насби шиору овезаҳои тарғиботӣ, ташкили муҳити идона, инчунин анҷом додани корҳои ободонӣ, тозагии гирду атроф, сабзкорӣ ва ороиши синфхонаҳо ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои босифати тадбирҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Қайд гардид, ки тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар донишгоҳ идома дошта, ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар миёни ҷавонон мебошад.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng