Дар доираи ҳафтаи илм ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, санаи 15 апрел кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён доир гардид.

Конференсия ба татбиқи ҳадафҳои “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030), инчунин ба 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар фазои илмии созанда ва тантанавӣ ҷараён гирифт.

Дар кори ҷамъомад, дар баробари устодону кормандони кафедра, инчунин сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Нурмаҳмадова Рухшона, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фахриддин Убайдов ва муовини декан оид ба илм, муаллими калон Гулрухсор Шарифзода иштирок намуданд.

Конференсияро декани факултет Ф. Убайдов ифтитоҳ бахшида, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими иқтидори илмии донишгоҳ таъкид намуд.

Баргузории конференсия саҳми муҳим дар рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар доираи кафедра ва донишгоҳ арзёбӣ гардид.

Дар идома, мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фаридулло Убайдуллоев бо маъруза дар мавзуи «Арзёбии самаранокӣ ва механизмҳои маблағгузории омехта дар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар мисоли таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод» баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти худро бо истифода аз рӯнамои электронӣ муаррифӣ кард.

Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент П. Усмонов дар мавзуи «Ташаккули механизми самаранокии истифодаи маблағгузории беруна дар иқтисодиёт» маъруза намуда, ҷанбаҳои муҳими масъалаи баррасишавандаро шарҳ дод.

Ҳамчунин, дигар устодони кафедра бо маърузаҳои ҷолиби илмии худ  «Таҳияи механизмҳои самарабахши рушди муносибатҳои воридотиву содиротӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Коркарди усулҳои методологии такмили механизми таъмини трансфертҳои мақсадноки байнибуҷетӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Хизматрасониҳои инноватсионии бонкӣ ҳамчун омили таъмини рақобатпазирии бонкҳо дар шароити муосир» ва «Арзёбии таъсири созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ». баромад карданд.

Дар қисмати музокира иштирокчиён оид ба мавзуъҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, ба маърузачиён саволу пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия