УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД
15-уми апрели соли равон бо иштироки намояндагони раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ, садорат, мудирони кафедраҳо, эдвайзерон ва донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ маҳфили «Айнихонӣ» доир гардид.
Чорабиниро декани факултет Ёрибек Тиллабов оғоз намуда, зимни суханронии худ аз нақши барҷастаи Садриддин Айнӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ёдовар шуд. Қайд гардид, ки устод Айнӣ ҳамчун асосгузори адабиёти муосири тоҷик шинохта шуда, адабиётро аз қолаби классикӣ ба равияи реализми иҷтимоӣ ворид намуд. Ӯ зиндагии воқеии мардумро бо забони сода ва фаҳмо инъикос карда, адабиётро ба халқ наздик гардонд.
Дар идомаи маҳфил профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова баромад намуда, қайд кард, ки саҳми Садриддин Айнӣ на танҳо дар эҷоди асарҳо, балки дар ташаккули тамоми адабиёти муосири миллӣ ниҳоят бузург аст. Устод Айнӣ бо фаъолияти илмиву ҷамъиятии худ барои боло бурдани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти устод рушди фарҳанги миллӣ буда, дар асарҳои ӯ масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла камбизоатӣ, нобаробарӣ, зулм ва ҷаҳолат мавқеи асосӣ доранд. Асарҳои маъруфи ӯ, аз қабили “Ёддоштҳо”, “Одина”, “Марги судхӯр” ва “Дохунда” на танҳо арзиши баланди адабӣ доранд, балки ҳамчун манбаи муҳими омӯзиши таърих ва фарҳанги халқи тоҷик хизмат менамоянд. Хусусан, дар «Ёддоштҳо» муаллиф зиндагии шахсӣ ва воқеаҳои замони худро ба таври муфассал ба қалам додааст.
Таъкид шуд, ки Садриддин Айнӣ дар рушди забони адабии тоҷик саҳми назаррас гузошта, бо истифода аз забони сода ва фаҳмо тавонист адабиётро ба мардум наздик созад. Ин иқдом барои густариши забони тоҷикӣ ва боло бурдани мақоми он дар ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки устод яке аз пешсафони ҳаракати маърифатпарварӣ буда, тамоми фаъолияти худро ба паҳн кардани дониш ва мубориза бар зидди бесаводӣ равона намудааст.
Ҳамин тавр, маҳфил дар фазои гарму самимӣ ва хотирмон ҷамъбаст гардид.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng