Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бахшида ба ҳафтаи илм ва татбиқи ташаббуси «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)» дар донишгоҳ конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён дар факултетҳо ва кафедраҳо чанд рӯз аст, ки идома дорад.

Дар ҳамин замина, 16-уми апрели соли равон дар кафедраи математикаи олии донишгоҳ низ чунин конференсия доир гардид. Чорабиниро мудири кафедра, номзади илмҳои физика ва математика Миралӣ Шодмонов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҳафтаи илм табрик гуфта, таъкид кард, ки имсол ҳафтаи илм ба 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида шудааст.

Сипас, маърузаҳои устодон ва донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шунида шуда, аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон, аз миёни 17 баромад маърузаҳои 4 донишҷӯ - Ғиёсова М., Бобомуродова Зуҳро, Облоқулов Б. ва Баротов Ш. беҳтарин арзёбӣ гардиданд.

Дар анҷоми конференсия таъкид шуд, ки дар даврони истиқлолият соҳаи илм дар кишвар рушд ёфта, мақоми арзанда касб намудааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва дастгирии олимон барои ҷавонон манбаи илҳом ва ангезаи пешрафт ба ҳисоб меравад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА