16 апрели соли 2026 дар доираи ҳафтаи илм дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону муҳаққиқон ва донишҷӯён доир гардид.

Нахуст, Мастура Буриева иброз дошт, ки маориф дар ҷаҳони муосир ба яке аз захираҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфта, нақши он дар ташаккули неруи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди инфиродии шаҳрвандон ниҳоят муҳим мебошад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, рушди илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ шудааст.

Ҳамзамон, номбурда дурнамои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултетро мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин конференсияҳо барои рушди андешаи илмӣ, пешниҳоди хулосаҳои таҳлилӣ ва табодули таҷрибаи устодон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идома, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хуршед Давлатов дар мавзуи “Тамоюлҳои муосири рушди тарифи гумрукӣ дар шароити ҳамроҳшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо” маъруза намуд. Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ сиёсати тарифии гумрукӣ воситаи муҳими танзими савдои хориҷӣ буда, ба ҳифзи бозори дохилӣ, танзими воридоту содирот ва таъмини даромади буҷаи давлатӣ мусоидат менамояд. Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо аз соли 2013 марҳилаи нави рушди сиёсати иқтисодии хориҷиро оғоз бахшида, мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалиро тақозо мекунад.

Ҳамчунин, устоди калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ С. Абдуллоев дар мавзӯи “Такмили воситаҳои асосии танзими давлатии соҳибкории хурду миёна дар соҳаи кишоварзӣ” баромад намуда, нақши соҳибкории хурду миёнаро дар рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Дастгирии давлатии ин бахш омили асосии афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар ҷараёни конференсия як қатор маърузаҳои дигари илмӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами фаъолияти гумрукӣ, амнияти иқтисодӣ, идоракунии назорати гумрукӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳамзамон, дар бахши кафедраи бехатарии иқтисодӣ, ки таҳти роҳбарии дотсент Абдуллоев Мирзо Муллоевич баргузор гардид, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла нақши мақомоти гумрук дар танзими ғайритарифӣ, омилҳои коррупсия, рушди иқтисоди миллӣ, бехатарии иқтисодӣ ва навгониҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ барои рушди тафаккури таҳлилӣ, такмили донишҳои касбӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар амалияи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия