16-уми апрели соли равон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Табиатшиносони ҷавон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар мавзуи «Асосҳои экологии ҳифзи муҳити зист» доир гардид.

Нахуст, раиси маҳфили илмии донишҷӯён Алишер Раҳимӣ қайд кард, ки истифодаи оқилонаи ҳифзи табиат, барқарорсозии захираҳои табиӣ ва солимии ҷомеа вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои сокинони кишвар ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар умум зиёда 130 давлат 5-уми июн қайд карда мешавад.

Инсоният захираҳои табииро бо мақсади таъмин намудани талаботи моддию маънавии худ ба таври васеъ истифода менамояд. Бо ин мақсад, истифодаи оқилонаи ҳифзи табиат ва сарватҳои он муқаддастарин вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-25010407 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ: Б. Ғафурзода дар мавзуи “Асосҳои экологии ҳифзи муҳити зист вобаста ба тағйиёбии иқлим”, К. Ибодзода ва А. Қурбонзода дар мавзуи “Асосҳои экологии ҳифзи муҳити зист вобаста ба хок” ва дигар донишҷӯёни гурӯҳ фаъолона иштирок карданд.

Баъд аз анҷоми баромадҳо миёни маърузачиён ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифт. Маърузачиён ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия