ТАШАББУСҲО ДАР САМТИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Рӯзи 17 апрел конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён дар бахши кафедраи фанҳои табиатшиносӣ доир гардид. Раиси бахш, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Раъно Мирмуҳаммадзода иштирокчиёнро муаррифӣ карда, ба онҳо дар кори илмӣ барору комёбӣ орзу намуд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ 27 фишурдаи маърузаҳо пешниҳод гардида, онҳо ба барномаи конференсияи мазкур ворид карда шуданд.
Дар ҷараёни конференсия вобаста ба ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедра Одилҷон Абдуллозода таъкид намуд, ки дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, аз соли 1850 то имрӯз пиряхҳои ҷаҳон беш аз 70 миллиард тонна обро аз даст додаанд, ки ин боиси баланд шудани сатҳи баҳр ва коҳиши захираҳои обии дарёҳои бузург гардидааст.
Барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз 90 фоизи оби тоза аз пиряхҳо сарчашма мегирад, ин раванд метавонад ба амнияти об ва озуқаворӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод намояд.
Дар бахши мақолаи беҳтарин Айдаршо Сулаймонов барои мақолаи «Нақши омилҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ дар ташаккули захираҳои бодии ВМКБ ҳамчун манбаи алтернативии энергия» ва баромади беҳтарин Дилшод Қосимов барои мавзуи «Таносуби ҷойгиршавии манбаъҳои истеҳсоли барқ ва зичии аҳолии Тоҷикистон: таҳлили ҷуғрофии нобаробарии фазоӣ ва роҳҳои бартарафсозии он» дониста шуд.
Ҳамчунин, корҳои илмии донишҷӯён К. Шералиева «Татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028 ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёт» ва С. Мирзоев «Мубаддалшавии энергияи офтоб тавассути реаксияҳои химиявӣ» беҳтарин арзёбӣ гардиданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng