НИЗОМИ МУҲОСИБӢ ДАР МАҲФИЛИ «ҲИСОБДОРОНИ ҶАВОН»
Рӯзи 17-уми апрели соли равон мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, маҳфили навбатии илмии донишҷӯён «Ҳисобдорони ҷавон»-и кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ доир гардид.
Дар маҳфил мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия Рухшона Нурмаҳмадова, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тиллабов, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Бобомурод Бобомуродов, инчунин омӯзгорон Аҳлиддин Мирзозода, Низом Сафаров, Сурайё Тилакмуродова ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тиллабов маҳфилро ифтитоҳ намуда, муҳимияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиеро, ки дар он донишҷӯён фаъолон аиштирок менамоянд, шарҳ дод.
Сипас, мудири кафедра Б. Бобомуродов иброз дошт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳуҷҷатноккунии амалиётҳои муҳосибии вобаста ба ҳаракати воситаҳои асосӣ яке аз пояҳои асосии идоракунии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷатноккунӣ на танҳо воситаи сабти амалиётҳои хоҷагидорӣ, балки манбаи муҳими таҳлил ва қабули қарорҳои идоракунӣ мебошад.
Сипас, доктори фалсафа (PhD) А. Мирзозода таъкид кард, ки имрӯз низоми муҳосибӣ дар кишвар бо такя ба санадҳои меъёрии соҳавӣ, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва дигар сохторҳои марбут таҳия гардидаанд, рушд ёфта истодааст. Номбурда махсусан, ба масъалаи мутобиқсозии баҳисобгирӣ ва ҳисобот бо Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд кард, ки ин раванд ба баланд бардоштани шаффофият ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла барномаҳои муҳосибӣ, ҳисоботи электронӣ ва системаҳои муосири иттилоотӣ, аҳамияти хоса пайдо намудаанд. Ин технологияҳо дақиқӣ, суръат ва амнияти иттилоотро таъмин намуда, нақши муҳосибро аз сабткунанда ба таҳлилгар ва мушовири молиявӣ табдил медиҳанд.
Дар идома, муаллими калони кафедра Сурайё Тилакмуродова дар мавзуи «Ҳуҷҷатноккунии амалиётҳои муҳосибии вобаста ба ҳаракати воситаҳои асосӣ» маъруза намуд.
Сипас, донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-25010803 баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ Суҳроб Холмуродзода ва Наврӯзҷони Сафархуҷа бо маърузаҳои илмии худ дар мавзуъҳои «Талабот ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва мавқеи он дар низоми идоракунии корхонаҳо» ва «Мафҳуми умумии тавозуни муҳосибии корхонаҳои истеҳсолӣ» баромад намуданд.
Дар фарҷом вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён мубоҳисаҳои судманди илмӣ сурат гирифта, иштирокдорон андешаҳои худро иброз намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng