СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА РАҚАМИКУНОНИИ КИШОВАРЗӢ
17 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари донишгоҳии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 30-солагии донишгоҳ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қутбиддин Муқимов зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон гардидааст.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифат ва бехатар барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул ва амалӣ намудааст. Аз ҷумла, дар ибтидои истиқлол бо пешниҳоди Сарвари давлат заминҳои кишоварзӣ, ки бо номи «заминҳои президентӣ» маъруфанд, ба аҳолӣ тақсим карда шуданд.
Зимни ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 низ таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои номусоиди иқлимӣ, соли 2025 рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Дар идомаи семинар директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Пиризода Ҷалил Сафар дар мавзуи «Ҳолат ва рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шароити рақамикунонӣ ва инноватсия» маъруза намуд.
Номбурда таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ таҳти таъсири омилҳои нав қарор гирифта, зарурати мутобиқшавӣ ба иқтисоди рақамӣ пеш меояд. Сарфи назар аз пешравиҳо, дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳанӯз ҳам мушкилоте, аз қабили сатҳи пасти механиконӣ, маҳдуд будани дастрасӣ ба технологияҳои рақамӣ, норасоии маблағгузорӣ ва камбуди кадрҳои баландихтисос боқӣ мемонанд.
Ба андешаи муҳаққиқ, рушди минбаъдаи соҳа татбиқи васеи инноватсия, баланд бардоштани саводнокии рақамии фермерон, таҳкими инфрасохтори рақамӣ дар деҳот ва густариши ҳамкории илм бо истеҳсолотро талаб менамояд.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, дар музокираҳо устодони донишгоҳ Ёрибек Тилабов, Рустам Раҳматзода ва Абдумухтор Урунбоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои таҳкими заминаи назариявӣ ва амалии рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ аҳамияти муҳим дорад.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng