Рӯзи 17-уми апрели соли равон бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки намояндагони бонки “Имон Интернешнл” - мутахассис оид ба қабул ва мутобиқаткунонии кормандон Мадина Ҳасанова ва мутахассиси пешбар Фирӯза Латифова ба донишҷӯёни ихтисосҳои 1-25010402 - фаъолияти бонкӣ ва 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкии факултети молия ва қарз семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Саводнокии молиявӣ - калиди зиндагии муваффақ» доир карда шуд.

Нахуст, устоди кафедраи фаъолияти бонкӣ Сорбон Шарбатов аз густариши ҳамкориҳои судманд бо бонк истиқбол намуда, таъкид кард, ки пайванди назария бо амалия заминаи асосии омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад. Ҳамкориҳо бо ин бонк қаблан ба муҳлати муайян баста мешуд, ҳоло бошад ба таври бемуҳлат идома меёбанд. Ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ ба таҷрибаомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор баъд аз хатм метавонад самаранокии ин ҳамкориҳоро боз ҳам баланд бардорад.

Сипас, Мадина Ҳасанова иброз дошт, ки дар шароити иқтисоди муосир донистани асосҳои саводнокии молиявӣ барои ҳар як шахс, бахусус ҷавонон аҳамияти асосӣ дорад. Саводнокии молиявӣ маънои қобилияти дуруст идора намудани даромад, хароҷот, пасандоз ва қарзҳоро дорад.

Аксари донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки сабаби асосии он набудани донишҳои амалӣ дар самти идоракунии маблағ мебошад. Саводнокии молиявӣ ба шахс имкон медиҳад, ки хароҷоти худро назорат намуда, пасандоз ҷамъ кунад, аз қарзҳои нолозим худдорӣ намояд ва ояндаи молиявии худро таъмин созад.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз имрӯз сар карда одати сарфакориро роҳандозӣ намоянд, буҷети шахсӣ тартиб диҳанд, пеш аз харид қарорҳои оқилона қабул кунанд ва ба рушди донишу малакаҳои худ сармоягузорӣ намоянд.

Дар анҷом таъкид гардид, ки саводнокии молиявӣ на танҳо маҷмуи донишҳо, балки тарзи тафаккур мебошад. Омӯзиши дурусти идоракунии маблағ имрӯз метавонад заминаи зиндагии устувор ва муваффақи фардоро фароҳам созад.

Ояндаи молиявии ҳар як инсон аз қарорҳои имрӯзаи ӯ вобаста аст.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия